Дар Маскав барои таваллуди тифл 20 ҳазор рубл ваъда доданд

Шаҳрдории Маскав барои таваллуди ҳар тифли навзод дар ин шаҳр 20 ҳазор рубл ваъдаи кумак кардааст.

Барои чунин кумак солона то 700 миллион рубл пешбинӣ шудааст. Дар ин бора хабаргузории маҳалии Readovka хабар додааст.

Хабарнигорони нашрия дар деворҳои таваллудхонаҳои шаҳри Маскав овезаҳоеро бо чунин навиштаҷоти таблиғотӣ, ки ба волидайни ҳар кӯдаки навзод 20 ҳазор рубл пардохт мешавад, мушоҳида кардаанд. Чунин эълон дар сомонаи “Таваллуд дар Маскав” низ дида мешавад, ки ба забонҳои сокинони кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла тоҷикӣ низ тарҷума шудааст.

Ҳанӯз моҳи феврали соли 2020 ҳукумати шаҳри Маскав гуфта буд, ки ба волидайни ҳар кӯдаки навзод кумакпулӣ медиҳанд.  Дар сурате, ки як зан ду ё се тифл таваллуд кунад, он гаҳ ҳаҷми кумак ба маротиб бештар хоҳад шуд.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Пештар, аксаран мардон ба муҳоҷират мерафтанд, вале солҳои ахир муҳоҷирати оилавӣ аз Тоҷикистон ба Русия афзоиш ёфтааст. Коршиносон мегӯянд, маҳз шароитҳои беҳтари иҷтимоӣ ва имтиёзҳо муҳоҷиратро ба ин кишвар афзоиш додааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.