Дар Маскав мурофиаи Алексей Навалний шурӯъ шуд

Додгоҳи ноҳияи Симоновскии шаҳри Маскав дар ҷаласаи сайёре, ки дар бинои додгоҳи шаҳри Маскав шурӯъ шудааст, аризаи Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо дар бораи тағйири ҳукми додгоҳи Алексей Навалнийро аз рӯи парвандаи “Ив Рошер”-и соли 2014 содиршуда баррасӣ мекунад. Алексей Навалний, ки аз 18-уми январ дар боздоштгоҳи мавсум ба “Матросская тишина” нигаҳдорӣ мешавад, ба вакилон дастрасӣ дорад ва ба толори додгоҳ инчунин ҳамсараш Юлия роҳ дода шуд. Дар миёни онҳое, ки барои дидани мурофиаи додгоҳӣ ҳозир шудаанд, журналистони маҳалливу хориҷӣ ва дипломатҳо дида мешаванд.

Радио Свобода мегӯяд, дар остонаи шурӯи мурофиа додраси парванда иваз шуд ва маълум нест, ки тағйирот бо чӣ вобаста аст. Наталия Репникова, додраси тозатаъиншуда бо қарори айбдоркуниаш аз рӯи парвандаи ғоратгарӣ ба ҳангоми сохтмони пойгоҳи кайҳонии “Восточний ” дар соли 2018 маъруф аст ва ин танҳо парвандаи пурсарусадо бо иштироки ин додрас мебошад.

 Хабарнигорони ТВ “Настоящее время” мегӯяд, маҳалли додгоҳ дар иҳотаи сахти нирӯҳои қудратӣ буда, аз субҳи сешанбе кормандони ОМОН ё Гурӯҳи таъиноти махсус дар ин ҷо занҷираи амниятӣ ташкил кардаанд. Санадҳоро дар баромадгоҳи метрои  “Преображенская площадь” тафтиш мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.