Дар Маскав намоишгоҳи ҷасадҳои инсонҳоро тафтиш мекунанд

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин амр додааст, ки кори  ташаббускорони намоишгоҳе бо номи «Дунёи бадан» тафтиш шавад. Ин намоишгоҳ, ки дар бинои ВДНХ-и шаҳри Маскав боз шудааст, ҷасад ва аъзои бадани инсонҳои воқеиро ба намоиш гузоштааст. Тафтиш бояд дурустии ин намоишгоҳро ба қонунҳои Русия бисанҷад.

Намоишгоҳи «Дунёи бадан» (Body Worlds) рӯзи 12-уми март боз шуд ва дар он ҷасади инсонҳои воқеии даргузаштаву аъзои бадани онҳо дар шакли коркардшуда аз рӯи методи доктор Гюнтер фон Ҳагенс ба тамошо гузошта шудаанд. Методи ин табиб дар он аст, ки моеи бадани инсонро  бо пластики шахшаванда иваз мекунад. Ин моеъ имкон медиҳад, ки ҷасади инсон дар ҳар шакли дилхоҳ сахт шавад. Ҳадафи намоишгоҳ таълимиву омӯзишӣ буда  ҳамаи ҷасадҳои дар он истифодашуда ба донорҳои воқеӣ марбут ҳастанд.  

Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки сабаби шурӯи тафтиш интиқоду шикоятҳои зиёд дар матбуот ва шабакаҳо мебошад. Мунаққидон мегӯянд, ки ин намоишгоҳ ғайриахлоқӣ аст ва нисбат ба ҷомеаву инсон беэҳтиромӣ буда, инчунин арзишҳои динии мардумро осеб мерасонад.

Намоишгоҳи «Дунёи бадан» аввалин бор соли 1995 дар шаҳри Токио баргузор шуд. Аз он замон то кунун онро дар  35 кишвари ҷаҳон 50 миллион нафар тамошо кардаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.