Дар Мянмар барои як сол ҳолати изтирорӣ ҷорӣ шуд

Низомиёни бонуфузи Мянмар дар паи як кудато  раҳбари аслии ин кишвар Аун Сан Су Ҷи ва чанд пешвои муҳими ҳизби ҳокими ин кишварро боздошт карданд. Телевизиони Myawaddy TV, ки ба низомиён тааллуқ дорад, хабар дод, ки шурӯъ аз рӯзи 1-уми феврал дар кишвар “ба хотири ҳифзи субот” як соли ҳолати изтирорӣ ҷорӣ мешавад. Дар хабари телевизион гуфта шуд, ки мақоми иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишварро собиқ генерал  Мин Шве ба ӯҳда мегирад. Ин шахс қаблан дар мақоми муовини президент кор кардааст. Дар ин изҳорот ҳамчунин омадааст, ки фармондеҳи низомиён – генерал Мин Аунг Хлайн назорат аз болои “қонунгузорӣ, маъмурият ва низоми адлия”-ро ба ӯҳда мегирад.

Изҳороти мазкур чанд соат баъди он нашр шуд, ки низомиён Аун Сан Су Ҷи, президент Мин ва дигар раҳбарони Лигаи миллӣ барои демократия – ҳизби ҳокими Мянмарро боздошт карданд.

ИМА, Австралия ва кишварҳои дигар гуфтанд, ки кудатои баамаломада ва ҳам боздошти раҳбарони мадании ҳукумати Мянмар мояи нигаронии онҳо мебошад. Кудато ҳосили таниши пуршиддати чандинҳафтаина миёни ҳукумат ва раҳбарони низомӣ аст ва аз қабл ҳам тахмин мешуд, ки кишвар ба самти табаддулоти давлатӣ ҳаракат мекунад.  Равобити миёни ду ҷониб баъди интихоботи моҳи ноябр бад шуд. Артиш иддао кард, ки интихобот тақаллуб шудааст. Қарор буд рӯзи 1-уми феврал ҳайати нави парлумони кишвар аввалин ҷаласаашро барпо мекард. Дар интихобот  Лигаи миллӣ барои демократия пирӯз эълон шуд.

Низомиён дар Бирмаи собиқ, ки ҳоло Мянмар ном дорад, давоми 50 сол раҳбарӣ мекунанд  ва дар ин кишвари Осиёи Ҷанубушарқӣ нуфузи муайяни сиёсиву иқтисодӣ доранд.

  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.