Дар Мянмар садҳо зиндониҳоро озод карданд

Матбуот ва шоҳидон гуфтанд, ки дар Мянмар рӯзи 24-уми март садҳо зиндониҳои боздоштшуда баъди эътирозҳо аз табаддулоти низомӣ озод карда шуданд. Кудатои 1-уми феврал боиси ба хиёбонҳо рехтани ҳазорҳо сокинони Мянмар шуд. Онҳо аз ҳабси раҳбарияти мадании кишвар, аз ҷумла Аун Сан Суҷӣ эътироз доранд ва мегӯянд, ки иттиҳоми ӯ сохташуда мебошад. Чандин шоҳид, аз ҷумла вакилони дифои бархе маҳбусон  хабар доданд, ки субҳи чоршанбе  автобусҳои пур аз зиндониҳо  аз маҳбаси Инсейни шаҳри Янгон берун шуд. Ин зиндон бо низоми шадиду ҳабси дигарандешону зиндониҳои сиёсиаш маъруф аст. Мақомоти маҳаллӣ ҳеҷ изҳороте надоданд. Раҳбарони ҳунта гуфтанд, ки интихоботи моҳи ноябри порсол, ки дар он ҳизби Аун Сан Суҷӣ пирӯз гардид, тақаллуб шудааст.

Дар Мянмар давоми ним аср низомиён раҳбарӣ кардаанд. Созмони ҳомии ҳуқуқи инсон бо номи Эътилофи ёрӣ ба зиндониҳои сиёсӣ гуфт, ки дар саркӯбҳои низомиён дастикам 2 ҳазор нафар боздошт шуд. Ба иттилои ин манбаъ, инчунин 250 нафар аз ҷониби нирӯҳои амниятӣ кушта шудаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.