Дар нахустин сӯҳбати телефонии Байден ва Ҷинпин мавзӯи ҳуқуқи башар матраҳ шуд

Президенти ИМА Ҷо Байден аввалин бор баъди шурӯи кораш дар мақоми раёсатҷумҳурӣ бо раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Кохи Сафед дар изҳороте, ки 10 феврал нашр шуд, гуфт, “президент Байден ба нигаронии бунёдии худ дар бораи таҷрибаҳои маҷбуриву ноодилонаи иқтисодӣ, саркӯбҳои Ҳонгконг, нақзи ҳуқуқи инсон дар Шинҷон ва рафтори хашинаш дар минтақа, аз ҷумла дар Тайван изҳори нигаронӣ кард”. Равобити миёни ду кишвари азими сайёра дар бахшҳои иқтисодиву сиёсӣ ва ҳуқуқи башар хеле бад шудааст. Президенти собиқ Доналд Трамп, ки Чинро барои пандемияи коронавирус айбдор  кардааст,  аз моҳи марти соли гузашта бо Ҷинпин ҳеҷ гоҳ сӯҳбат накардааст. Телевизиони давлатии Чин гузориш дод, ки дар сӯҳбат бо Байден Ҷинпин гуфтааст, ду кишвар ихтилофҳое доранд, вале ин масъалаҳо бартараф шуда метавонанд. Ҷинпин инчунин аз ИМА тақозо кардааст, ки аз мудохила ба умури Чин, аз ҷумла, ба масоили марбут ба тамомияти арзии ин кишвар дар масоили Тайван, Ҳонгконг ва Шинҷон эҳтиёт кунад. Дар сӯҳбати ду раҳбар инчунин мавзӯи пандемия, тағйироти иқлим ва ҷилавгирӣ аз тавсеаи силоҳҳо баррасӣ шудааст. Байден гуфтааст, дар ҳоле, ки ду кишвар ихтилофҳое доранд, талош мекунад бо Чин ҳамкориҳои созандаву натиҷабахше дар доираи манфитаҳои ИМА ва муттафиқонаш дошта бошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.