Дар Намангон пули навбунёд фурӯ рафт

Пуле, ки дар ноҳияи Давлатободи вилояти Намангони Узбекистон дар болои рӯдхонаи Фарғонаи Шимолӣ сохта шуда буд, фурӯ рехт.

Бино ба хабари расонаҳои маҳаллӣ, ин пули 37-метрӣ, воқеъ дар болои рӯдхонаи назди мақбараи “Ун битта Аҳмад” рӯзи 8-уми январ фурӯ рехтааст.

Дар маъмурияти вилояти Намангон гуфтанд, ки пули пиёдагузар барои осон кардани зиёрати мақбараи “Ун битта Аҳмад” аз тарафи як соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда буд.

Дар натиҷаи фурӯрезии пул касе осеб надидааст.

Ёдрас мешавем, чаҳор сол пеш дар ҷараёни як консерт дар боғи шаҳри Ургенчи вилояти Хоразми Узбекистон пуле фурӯ рехта буд. Дар натиҷа 16 кас ғарқ шуданд ва бештари онҳо ноболиғон буданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.