Дар натиҷаи чаппа шудани пул дар вилояти Москва 49 қирғизистонӣ маҷруҳ шуд

Дар натиҷаи чаппа шудани пули пиёдагузаре дар ноҳияи Ступини вилояти Москва рӯзи 27 сентябр 49 шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳат бардоштааст.

Сафорати Қирғизистон дар Русия хабар медиҳад, ки чаҳор тани онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Мақомоти қудратӣ ва тафтишотии Русия ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Айни замон масъалаи пардохти ҷуброн ба қирғизистониҳои зарардида баррасӣ мешавад.

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Русия, аз моҳи январ то июни соли ҷорӣ ҳудуди 380 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар Русия ба ҳайси муҳоҷир сабт шудааст. Дар маҷмуъ, шумори қирғизистониҳое, ки дар Русия ба кори доимӣ машғул ҳастанд, тақрибан ба 700 ҳазор мерасад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.