Дар натиҷаи фурӯрезии як шахта дар ғарби Қазоқистон 4 кас ҷон бохт

Дар натиҷаи фурӯрезии як шахта дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон чаҳор кас ҷон бохта, як нафар захмӣ шудааст. Тавре аз ҳукумати Оқтеппа хабар доданд, бино ба фарзияи пешакӣ, 30 декабр, соатҳои 21:00 дар шахтаи “Весенняя Аралчинская” ҳангоми гузаронидани “корҳои инфиҷорӣ” нақб фурӯрехтааст. Шахта ба Ширкати мисли Оқтеппа таалуқ дошта, дар 30-километрии деҳаи Коктау аст. Мақомоти Оқтеппа дар бораи вазъи саломатии нафари захмӣ иттилои бештаре надодаанд. “Сабабҳои рух додани ҳодиса таҳқиқ мешавад”, – гуфта шудааст дар иттилоияи ҳукумати Оқтеппа.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.