Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 4 ҳазор нафар ба КОВИД-19 ва “илтиҳоби шуш” гирифтор шуданд

Мақомот мегӯянд, ки соли гузашта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд беш аз 4 ҳазор кас ба бемории КОВИД-19 ва “илтиҳоби шуш” гирифтор шуданд. Ин ноҳияи ҳаммсарҳад бо Қирғизистон, дар оғози пандемияи коронавирус бинобар нахустин гирифториҳо ба ин беморӣ дар Тоҷикистон, дар сархати хабарҳо қарор гирифта буд.

Масъулини ниҳодҳои беҳдоштии ноҳия омори ин ду бемориро якҷоя сабт кардаанд, вале шумораи фавтидагон аз коронавирусро 1 нафар ва аз “илтиҳоби шуш”-ро 86 кас гуфтанд.

Малика Қосимова, мудири кӯмаки аввалияи беҳдоштии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 10-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар гузашта “илтиҳоби шуш” намуди бактериологӣ дошт, вале намуди имсолааш (соли 2020) вирусиологӣ буд. Гирифторони КОВИД-19 бо нишонаҳои дигар буданд, вале мубталоёни КОВИД-19 бо нишонаҳои “илтиҳоби шуш” низ ба қайд гирифта шудааст, ки номи онро вируси SARS мегӯянд. Барои ҳамин ҳардуи ин бемориро дар як радиф ҳисоб кардем”.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли ин ниҳоди тандурустӣ, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2019 мубталоёни “илтиҳоби шуш”-и намуди бактериологӣ ҳамагӣ 56 нафар буданд.

Дар дигар шаҳру навоҳии кишвар КОВИД-19 ва “илтиҳоби шуш”-ро ду бемории ҷудогон медонанд ва омори онро аз ҳам ҷудо зикр мекунанд.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо беш аз 380 ҳазор нафар аҳолӣ, калонтарин ноҳия дар шимоли кишвар ва дуюмин дар Тоҷикистон шинохта шудааст. Ду ҷамоати ин ноҳия бо Қирғизистон марзи муштарак доранд.

Мақомоти Тоҷикистон дар эълони рақамҳои вобаста ба бемории ҳамагир боэҳтиёт сӯҳбат мекунанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ пайиҳам дар бораи сабт нашудани мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус хабар медиҳад, вале дар ҷомеа шубҳаҳо ба омори расмӣ ҳамчунон боқист. Чун ба қавли баъзе аз сокинону коршиносон, мақомот аз оғоз дар бораи сирояти беморӣ, шумораи мубталоён ва талафот аз он шаффофу ошкор набуданд.

Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон (охири моҳи апрели соли 2020) то оғози имсол 13 ҳазору 308 кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 нафар фавтидаанд. Омори ғайрирасмии беморон ва талафот аз коронавирусро дар Тоҷикистон бештар аз ин медонанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.