Дар ноҳияи Дӯстӣ роҳбари як хоҷагӣ мактаб сохт

Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Бекмурод Холов, роҳбари хоҷагии ба номи Эргаш Султонов, бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ мактаб сохт, ки онро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  ба истифода дод.

Аз Шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур хабар доданд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ба номи Ҷумъагелдӣ дар деҳаи Ғалабаи ҷамоати Ҷиликӯл  сохат шудааст.

Дар муассисаи мазкур барои 260 хонанда дар як баст шароити таҳсил фароҳам оварда шуда, аз ҷониби маъмурияти хоҷагӣ ба 10 синфхона, утоқи кории директори мактаб ва хонаи омӯзгорон 260 курсӣ барои нишаст, 110 миз, 12 тахтаи синфӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ тақдим када шуд.

Итилоъ дода шуд, ки ҳолати бинои пештараи муассиса садамавӣ буда, зиёда аз 10 сол хонандагони муассиса ба мактаби №7, ки дар масофаи ду километр дуртар қарор дорад, роҳро пиёда тай карда, таҳсилро давом медоданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иқдоми соҳибкори ватандӯстро, ки ин мактабро бунёд кард,  шоистаи таҳсин хонда, сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро тақдим кардааст.

Сообщение Дар ноҳияи Дӯстӣ роҳбари як хоҷагӣ мактаб сохт появились сначала на Фараж.

Манбаъ: Faraj.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.