Дар ноҳияи Восеъ мусобиқаи Лигаи «Умед Ю-15» оғоз ёфт

ВОСЕЪ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҷалби бештари кӯдакон ва наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, инчунин рушди футбол дар саросари мамлакат аз ҷониби Лигаи футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон байни наврасони аз 15 то 17-сола мусобиқаи Лигаи “Умед Ю-15” оғоз гардид.

Дар ин мусобиқа дастаҳое, ки дар Лигаи “Пешсаф” ноком шуда буданд, ширкат меварзанд ва беҳтарин дастаҳо аз ҳар як минтақаи Тоҷикистон дар даври ниҳоӣ дар шаҳри Душанбе майдондорӣ мекунанд.

Бозии нахустин бо иштироки дастаи наврасони то 15-солаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ ва “Шоҳин”-и ноҳияи Муъминобод баргузор шуд, ки барои дастаи соҳибони майдон аз дақиқаҳои аввал хеле бобарор оғоз гардид. Футболбозони навраси “Ҳулбук” ҳанӯз дар қисмати аввали дидори имрӯза бо ҳисоби 3 бар 0 ба пеш баромада, ғолибиятро дар даври аввали бозӣ таъмин намуданд.

Тавре намояндаи Лигаи кӯдакону наврасон дар минтақаи Кӯлоб Акрам Ҳусейнов иттилоъ дод, то роҳ ёфтан ба марҳилаи дуюм дар ҳар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб байни дастпарварони мактабҳои варзишӣ бозиҳои интихобии марҳилаи аввал баргузор шуда, беҳтарин дастаҳо ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дастаи “Ҳулбук” дар марҳилаи интихобии Лигаи “Пешсаф” мақоми дуюм касб карда, ба Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои то 15-сола роҳ наёфт. Лигаи “Умед” метавонад дубора умеду орзуҳои наврасонро ҷиҳати иштирок дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ таъмин намояд ва ин наврасон имкон пайдо кунанд, ки дар майдонҳои ҷумҳуриявӣ бо дастаҳои пурқувват неру санҷанд.

Дар даври аввали мусобиқоти минтақавии Лигаи “Умед” дастаи “Ҳулбук” бар ҳарифони худ аз дастаи “Шоҳин”-и Муъминобод бо ҳисоби 6 бар 0 зафар ёфт.

Ду бозии дигари даври аввал бо иштироки дастаи “Ҳосилот”-и Фархор бо Файзканди Восеъ ва дастаи “Зарбдор”-и шаҳри Кӯлоб бо дастаи мактаби варзишии №4 вилояти Хатлон рӯзҳои баъдӣ баргузор мешаванд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.