Дар Норак Озмуни вилоятии «Нақши ҷамоат дар рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 10.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва фармоиши  Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон  бо мақсади баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносии котибону коргузорони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳо дар рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, риояи тартибот, одоби муошират, беҳтар намудани худидоракунӣ, таҳкими мустақилият ва ороишоти ҳуҷраҳои корӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон Озмуни вилоятии «Нақши ҷамоат дар рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» баргузор гардид.

Дар озмун раиси шаҳр Ҳилолбӣ Қурбонзода, сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Зинатгул Сафарзода, собиқадорони соҳа аз вилояти Хатлон, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои деҳот, кормандони муассисаҳои тандурустӣ  ва маориф иштирок намуданд.

Бо мақсади муайян намудани маҳорату малакаи суханронии котибони ҷамоатҳои деҳот дар озмуни мазкур ақди никоҳи ду ҷуфт навхонадорон дар вазъияти тантанавӣ ба қайд гирифта шуд. Ҳамзамон ба 2 модари хушбахт шаҳодатномаи таваллуди навзодон ва ба оилаҳои намунавӣ, навхонадорон ва модарон туҳфаҳои хотиравӣ  тақдим гардиданд.

Баъди ҷамъбасти озмун аз ҷониби ҳунармандони ҷамоатҳои деҳоти Дўконию Пули Сангин дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунарҳои мардумии пазандагию дўзандагӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.