Дар Олмон 5 тоҷикро расман ба узвият дар ДОИШ муттаҳам карданд

Додситонҳои Олмон рӯзи душанбе гуфтанд, ки панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро расман ба узвият дар гуруҳи ДОИШ ва фаъолият дар ҳалқаи ин созмон дар Олмон муттаҳам кардаанд.

Додситонҳои федеролӣ парвандаро ба додгоҳи шаҳри Дюсселдорф супурдаанд, ки моҳи гузашта дар инҷо як шарики ин панҷ нафарро бо гуноҳи узвият дар гуруҳи ДОИШ, таъсиси ҳалқаи созмон дар Олмон ва тарҳрезии ду ҳамла ба 7 соли зиндон маҳкум карданд.

Бар асоси муқарророти қонунии Олмон номи муттаҳамонро пурра ошкор накардаанд ва аз онҳо Фарҳодшоҳ К, Муҳаммадӣ Г. Сунаттулоҳ К ва Комрон Б ном бурдаанд. Додситонҳо мегӯянд, ки Азизҷон Б шабакаҳои тарғиботии ақидаҳои ДОИШ бо забони русиву тоҷикиро таъсис дода ва  барои ин созмон пул ҷамъ мекардааст.

Ба қавли додситонҳо, ин ҷавон ҳамчунин шахсан дар ҷалбу ҷазби аъзо ба ДОИШ ва боз кардани роҳ барои таъсиси ҳалқаи созмон дар соли 2109 кӯмак кардааст. Ба гуфтаи додситонҳо, ин гуруҳ мехостааст, дар Олмони ғарбӣ ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳад.

Ҷузъиёт ба зудӣ нашр мешавад, бозгашт ба саҳифаи Радиои Озодиро фаромӯш накунед.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.