Дар пайи обхезиҳо дар Олмон 81 нафар ба ҳалокат расид

Субҳи рӯзи 16-уми июл шабакаи иттилоотии АRD-и Олмон хабар дод, ки бар асари борону обхезиҳо дар манотиқи ғарбии ин кишвар камаш 81 нафар ба ҳалокат расид.

Ҳукумати ноҳияи Аҳрвейлери канори шаҳри Кёлн дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, ки сарнавишти наздик ба 1300 сокини минтақаи офатзада рӯшан нест. Бороноҳои пай дар пай боис гаштанд, ки оби рӯдхона аз соҳилҳо хориҷ шуда, роҳҳои мошингард ва хонаҳоро шуст, дарахтҳо чаппа шуданд. Наҷотдиҳандагон бисёре аз сокинонро аз болои боми хонаҳои зериобмонда берун кашиданд.

Дар вилоятҳои Норт Рейн Вестфалия ва Райнланд-Палатин кӯчонидани дастаҷамъии сокини манотиқи офатзада ҷараён дорад. Гуфта мешавад, ки дар давоми даҳсолаҳо Олмон бо чунин офати табиӣ рӯ ба рӯ нашуда буд. Дар натиҷаи борону обхезиҳои соли 2002-ум дар ин кишвар 21 кас ба ҳалокат расида буд.

Рӯзи 16-уми июл дар ноҳияи Эрштади канори шаҳри Кёлн чандин манзил чапа шуд. Гурӯҳҳои наҷот талош намуданд, аз бозгашти сокинон ба хонаҳояшон ҷилавгирӣ кунанд. Роҳҳои вайрон ва қатъи алоқаи интернетиву мобилӣ ба пешбурди амалиёти наҷот халал мерасонад.

Вазири умури дохилии Олмон Ҳорст Сиҳофер мегӯяд, ҳукумати федералӣ тасмим дорад ба зудтарин фурсат ба сокинони манотиқи офатзада ёрии молӣ расонад. Миқдори он 21-уми июл дар ҷаласаи ҳукумати федералӣ тасдиқ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, телевизиони Белгия хабар дод, ки борону обхезӣ ҳаёти камаш дувоздаҳ сокини ин кишварро аз байн бурдааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.