Дар Панҷ як мард падари 78 – солаашро бо болға зада куштааст

Муҳаммад Исанқулов, сокини ноҳияи Панҷ ба гумони қатли падари 78-солааш боздошт шудааст.

Сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Намунаи  ноҳияи Панҷ Аваз Бӯстонови 78-сола рӯзи 7 июн кушта шудааст. Дар натиҷаи чорабиниҳои фаврӣ – ҷустуҷӯтӣ  гумонбаршуда – писари ӯ Муҳаммад Исанқулов боздошт шудааст.

“Ба гуфтаи гумонбаршуда, падару писар ҳамроҳ машрубот нӯшида, сипас байни онҳо ҷанҷол сар мезанад. Писар болғаро гирифта ба сари падар мезанад. Сипас ӯ ба дастону пойҳои паараш низ якчанд зарба мезанад”, – гуфтаанд дар РВКД – и Хатлон.

Нисбати Муҳаммад Исанқулов мутобиқи моддаи 104 Кодекси ҷинояти Тоҷикистон (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Гумонбаршуда қаблан бо моддаи 141-и КҶ ҶТ (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанўз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст) маҳкум шуда будааст.

Сообщение Дар Панҷ як мард падари 78 – солаашро бо болға зада куштааст появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.