Дар пасманзари моҷароҳои ҷосусӣ, ВКХ Русия сафири Булғористонро даъват кард

Бо гузашти як моҳ аз ихроҷи ду дипломати рус аз шаҳри София, сафири Булғористон дар Маскав ба вазорати хориҷаи Русия даъват шуд. РИА Новости гуфт, ки ин мулоқот 20-уми апрел барпо гардид. Вазорати хориҷаи Булғористон рӯзи 22-юми март ду дипломати русро “персона нон грата” ё “шахсони мамнӯъ-ул-вуруд” номид ва ин қарорро ба фаъолиятҳои “номуносиб” бо мақоми дипломатии онҳо рабт дод.

Он замон сафорати Русия қарори мақомоти Булғористонро “бепоя” номид ва гуфт, ки ҳақи худ барои интиқом гирифтанро ҳифз мекунад. Булғористон бо Русия равобити наздики фарҳангӣ, таърихӣ ва иқтисодӣ дорад ва як шарики калидии энержии ин кишвар ба шумор меравад. Вале чандин моҷарои ҷосусии ахир равобити Маскаву Софияро халалдор кардааст.

Ҳафтаи гузашта исми як тоҷири силоҳ аз Булғористон дар моҷарои нави дипломатии миёни Прага ва Маскав ёд шуд. Мақомоти Ҷумҳурии Чех рӯзи 17-уми апрел ҷосусони низомии Русияро ба таркиши маргбори анбори силоҳе дар соли 2014 дар хоки кишварашон рабт доданд. Дар ин таркиш ду нафар кушта шуд.

Рӯзи 19-уми март мақомоти Булғористон дар НАТО гуфтанд, ки як гурӯҳи ҷосусонеро ошкор карданд, ки ба Русия асрори низомӣ медод.

Додситонҳо гуфтанд, ки шаш нафар, аз ҷумла афсарони собиқ ва амалкунандаи низомӣ бо иттиҳоми таъмин кардани сафорати Русия дар София бо иттилои махфии низомӣ дар бораи Булғористон, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо боздошт шуданд.

Додгоҳи низомии София амр дод, ки панҷ нафари онҳо дар боздошт бимонанд ва як гумонбари дигар бо гаравпулӣ  озод шуд.

Аз октябри соли 2019 кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва НАТО панҷ дипломат ва кормандони сафорати Русияро барои фаъолиятҳои ҷосусӣ аз хокашон берун кардаанд.   

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.