Дар Покистон як додраси додгоҳи терроризм бо аъзои оилааш кушта шуд

Мақомот дар Покистон гуфтанд, ки дар як ҳамла дар водии Свот як додраси додгоҳи терроризм ва се узви оилаи ӯ кушта шуданд. Полис гуфт, вақте додрас Офтоб Афридӣ, ҳамсараш, келин ва набераи дусолаи онҳо рӯзи 4-уми апрел аз маросими тӯе бармегаштанд, мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтанд. Дар ин ҳодиса муҳофиз ва ронандаи Афридӣ шадидан маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамлагарон баъди ин сӯиқасд ба макони ношинос фирор намуданд. Полис гуфт, ки рӯзи 5-уми апрел аз рӯи ин қазия чор гумонбар боздошт шуданд. Як мақоми полис гуфт, ки “зоҳиран, ин як ҳамлаи ҳадафмандона буд”. 

Афридӣ як ҳуқуқшиноси маъруф ва фаъоли ҳуқуқ буд ва ҳамагӣ ду моҳ пеш ба ин мақом таъин гардид. Дар додгоҳҳои зидди терроризм дар Покистон парвандаҳои гумонбарон дар терроризм, ҷангҷӯён, инчунин маблағгузорони терроризм муҳокима мешаванд. Мунаққидон мегӯянд, ки дар асл ин додгоҳҳо барои хомӯш кардани даҳони мунаққидони низомиёни бонуфуз дар кишвар таъсис шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.