Дар Рӯз ошиқон дар Русия намоишҳои эътирозӣ барпо шуд

Дар паи боздошти ҳазорҳо нафар дар Русия, ҷонибдорони мунаққиди зиндонии Кремлин Алексей Навалний бо рӯшан кардани фонусу телефонҳои ҳамроҳ ва афрӯхтани шамъ  дар намоиши эътирозии наве иштирок карданд. Маъракаи эътирозии 14-уми феврал, ки бо номи “Муҳаббат аз тарс қавитар аст”, аз минтақаи Шарқи Дури Русия шурӯъ шуд.  Дар аксҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, гурӯҳҳои хурди мардум бо фонусу шамъ дар даст дида мешаванд, бархе гурӯҳҳо ба нишони рамзи дил истодаанд. Дар шаҳри Маскав беш аз 20 нафар дар назди Донишгоҳи давлатии Маскав дида шуданд.

Ҷудо аз ин маросим, ҳудудан 200 зан дар кӯчаи Арбати кӯҳна дар маъракаи бо номи “Занҷири ҳамраъиву муҳаббат” иштирок карданд. Онҳо гуфтанд, ки ин амали онҳо ба нишони пуштибонӣ аз занону духтарони боздоштшуда бо далелҳои сиёсӣ сурат мегирад. Дар шаҳри Санкт-Петербург дар айни чунин маросим тахминан 70 нафар иштирок кард. Гурӯҳи OVD-Info гуфт, ки дар як намоиши эътирозии иҷозатдодашуда дар шаҳри Қазон бо ширкати 500 нафар полис 9 нафарро боздошт кард.   

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.