Дар рӯзи сафари раиси САҲА ба Қазоқистон гуруҳе аз фаъолон гирдиҳамоӣ карданд

Пушти дари Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон гуруҳе аз фаъолони маданӣ гирдиҳамоӣ ташкил ва аз ҳукумати Қазоқистон талаб карданд, ки таъқиби шаҳрвандонро барои дидгоҳҳои сиёсиашон қатъ кунад.

Ҷамъшудаҳо дар даст аксҳои Айнур Мирзалиева, Алӣ Жакупова ва Аскар Каирбекро доштанд, ки ин афрод дар “даст доштан дар фаъолияти созмони тундгаро” айбдор мешаванд. Гирдиҳамомадагон ҳамчунин шиорҳои “Озодӣ ба зиндониёни сиёсӣ” дар даст доштанд.

Марат Мусобоев, яке аз эътирозгарон гуфт, ҷамъшавии онҳо пушти дари САҲА ба ташрифи вазири корҳои хориҷии Шветсия Анн Линде рабт дорад, ки Линде ҳамзамон раиси САҲА аст. Мусобоев гуфт, бо ҷамъ шудани пушти САҲА мехоҳанд ба ин созмон ёдрас шаванд, ки Қазоқистон қатъномаи Порлумони Аврупоро дар мавриди ҳуқуқи инсон нодида мегирад.

Раиси САҲА Анн Линде дар доираи сафари расмӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, вориди Қазоқистон шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.