Дар Русия гурӯҳе маълумотномаҳои сохтаи зидди COVID-ро ба муҳоҷирон мефурӯхт

 Хадамоти амнияти федералии Русия гуфт, ки дар як амалиёт кормандонаш гурӯҳе аз қаллобонро дастгир кардааст, ки ба фурӯши маълумотномаҳои қалбакии тиббии COVID-19  машғул буданд. Амалиёт дар вилояти  Новосибирск сурат гирифтааст. Ба қавли тафтишот,  дастгиршудаҳо санади қалбакии ташхиси тиббиро барои вуруди хориҷиён ба Русия мефурӯхтаанд. Аз ин гурӯҳ беш аз ҳазор варақи тиббӣ, 400 даъватнома барои сафар ба  Русия ва зиёда аз 3 миллион рубл пули нақд дарёфт ва мусодира гардидааст. Нисбати боздоштшудаҳо  барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки  то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.