Дар Русия рӯзе то 800 нафар аз КОВИД-19 мефавтанд

Дар ҳар рӯзи як ҳафтаи охир дар Русия беш аз 800 нафар аз КОВИД-19 мефавтанд. Шумораи гирифторон ба ин вирус аз моҳи август то кунун рӯзона аз 20 ҳазор бештар аст.

Аз ҳама бештар дар Маскав ва Санкт-Петербург ба коронавирус гирифтор мешаванд.

Аз ибтидои оғози пандемия аз КВОИД-19 дар Русия беш аз 200 ҳазор нафар фавтидааст.

Дар Тоҷикистон дар як ҳафтаи ахир, мақомот мегӯянд, ҳеҷ ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирусро сабт накардаанд. Коршиносон ба ин бовар надоранд ва мақомоти тоҷикро ба пинҳонкорӣ айбдор мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.