Дар Русия рӯзи аввали раъйдиҳии тағйироти конститутсионӣ аст

Дар Русия рӯзи 25 июн овоздиҳӣ барои тағйири конститутсияи кишвар шурӯъ шуд, ки ба президенти амалкунанда Владимир Путин ҳақи тамдиди қудрат ба 12 соли дигарро фароҳам мекунад. Нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар тамоми 14 минтақаи Русия субҳи 25 июн боз шуданд ва қарор аст овоздиҳӣ дар саросари Русия ҳафт рӯз идома кунад. Кишваре, ки бо пандемияи коронавирус дастбагиребон аст, раъйдиҳии ба 1 июл  таъиншударо қарор кард дар ҳафт рӯз баргузор кунад. Овоздиҳӣ, ки бо ширкати шумори зиёди мардум мегузарад, мавриди нигаронии мақомоти беҳдоштӣ шуд. Онҳо гуфтанд, ки ҳамарӯза дар кишвар 7 ҳазор нафари нав ба коронавирус олуда мешавад. Овоздиҳии кунунӣ қарор буд 22 апрел баргузор шавад, вале бо сабаби пандемия ба тобистон паспарто шуд. 

Путин шахсан мардумро барои ширкат дар овоздиҳӣ ташвиқ кардааст, вале тағйироти конститутсионӣ мавриди интиқоди мухолифон ва мунаққидони ҳукумат шуд. Онҳо мегӯянд, даҳҳо тағйирот ба қонуни асосӣ танҳо баҳонаи ҳеҷ кардани мӯҳлати гузаштаи президентии Путин ва имкони тамдиди қудрати ӯ дар ҳукумат дар ду давраи шашсола мебошад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.