Дар Русия вакилони маҷлисҳои маҳаллиро интихоб мекунанд

Дар шаҳру навоҳии Русия рӯзи 13-уми сентябр сокинон барои интихоби вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ райъ медиҳанд.

Интихоботро имсол се рӯз муқаррар карданд ва имрӯз охирин рӯзи интихобот аст.

Ин интихобот ҳамчун санҷиши ҳизби “Русияи воҳид” арзёбӣ мешавад. Ҳизби ҳукмрони Русия, ки ба гуфтаи коршиносон, эътимоди соикнонро аз даст додааст, дар ростои интихоботи сартосарии соли оянда қарор дорад.  

Наздики 35 миллион шаҳрванди дорои ҳаққи райъ дар Русия дар райъдиҳӣ бояд ширкат кунанд.

Нозирони Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо раванди интихоботро пас аз тағйири конститутсияи Русия, ки ба Путин ҳақи иштирок дар ду интихоботи президентии дигарро додааст, назорат намекунанд. Онҳоро ба ин маърака даъват накардаанд.

Бори аввал ба Комиссияҳои маҳаллии интихобот иҷоза додаанд, ки то се рӯз ба сокинон иҷозаи райъдиҳӣ бидиҳанд. Ин тағйир, ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус, гирифта шудааст.  

Рӯзҳои 11 ва 12-уми сентябрро ҳамчун рӯзҳои иловагии овоздиҳӣ ҳисоб кардаанд. Рӯзи аслии райъдиҳи ба номзадҳо дар маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 13-уми сентябр муқаррар шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.