Дар “Сахарово” 13 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд

Интиқоли муҳоҷирон аз боздоштгоҳҳои муввақатии Русия  ба ватанашон идома дорад. Феълан дар маркази нигаҳдории хориҷиёни “Сахорово” дар Маскав 13 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Намояндагони сафорат мегӯянд, рӯзи гузашта аз аҳволи онҳо хабар гирифта, дар пайи таҳияи ҳуҷҷатҳои бозгашташон ҳастанд. Рӯзҳои наздик онҳо ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Гурӯҳи якуми муҳоҷирони депортшударо, ки иборат аз 15 нафар буданд, рӯзи 23-юми апрел ба ватан интиқол дода шуданд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.