Дар шаҳри Хоруғ корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 19.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ бо бинои нави дуошёнаи маъмурӣ, техникаву механизмҳои махсуси муосир таъмин мегарданд. Бинои мазкур дорои мошинсарой, анборхона барои нигоҳдошти маводи сӯзишворию зидилағзиш ва корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ буда, он дар асоси қарордод байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Рушд амалӣ шуда истодааст. Барои бунёди бино 370 ҳазор доллар ва барои корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ 4 миллион евро ихтисос дода шуд, ки 2 миллиони он қарз ва ду миллиони дигар грант мебошад.

Айни замон тахту ҳамворсозии макони сохтмони ин иншооти ҷашнӣ идома дошта, корҳои бунёдиро  ҶДММ «Бародарон-2020»  ба ўҳда дорад.  Масъули ҷамияти мазкур Марватшо Ватаншоев иброз дошт, ки дар сохтмони бинои мазкур 20 нафар коргар аз шаҳрҳои Хоруғу Душанбе ҷалб шудаанд. Бо вусъат ёфтани корҳои сохтмонӣ шумораи бинокорон бамаротиб афзоиш хоҳад ёфт. Ба сохтмончиён шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, бо ҷойи хоб, се вақт хӯроки гарм таъмин буда, моҳонаи худро сари вақт мегиранд.

Лозим ба ёдоварист, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  иншооти зиёди таъйиноташон гуногун сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.