Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласа доир гардид

ДУШАНБЕ, 27.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 август бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳри Кӯлоб бо доираи васеи фаъолон ҷаласа доир гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷаласа оид ба омодагиҳо ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сифати баланд ба истифода додани иншооти ҷашнӣ, муҳайё намудани шароити корӣ, инчунин оид ба пешгирии бемории коронавирус, беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахта ва ғалладонагиҳо, захира намудани озуқа барои зимистон бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ёдовар мешавем, ки 25 августи соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Кӯлоб аз ҷараёни сохтмони як зумра иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.