Дар шаҳри Нурсултон эътирозгаронро боздошт карданд

Рӯзи 7-уми сентябр дар маркази пойтахти Қазоқистон гуруҳе аз одамон ба эътирози зиддиҳукуматӣ баромаданд ва аз сӯи пулис боздошт шуданд.

Гуруҳи ташаббускори таъсисдиҳандаи ҳизби “Ел тирегӣ” ба эътироз дар наздики тандиси “Батерек” даъват карда буд. Пулиси Қазоқистон сокинонро ба назди тандис норасида боздошт кард.

Хабарнигорон аз боздошти тақрибан 25 тан иттилоъ доданд.

Нурҷон Алтаева, яке аз ташаббускорони таъсиси ҳизби нав гуфт, онҳо мақомотро аз баргузории гирдиҳамоӣ дар рӯзҳои 7,8 ва 9 сентябр огоҳ карда буданд. “Ҳукумат посух надода буд. Бино ба қонунгузорӣ, агар мақомот ба нома посух надиҳанд, маънои иҷозатро дорад”, – гуфт Алтаева.

Аммо бо ин вуҷуд пулис эътирозгаронро боздошт кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.