Дар шаҳри Нурсултон модарони серфарзанд гирдиҳамоӣ карданд

Иддае аз модарони серфарзанди Қазоқистон рӯзи 1 апрел дар назди бинои ҳукумати шаҳри Нурсултон гирдиҳамоӣ карданд. Занҳо бо ташкили ин гирдиҳамоӣ мехостанд, таваҷҷуҳи мансабдорон ва ҷомеаро ҷалб созанд.

“Мо, Эътилофи волидони Қазоқистон, қатъномаеро ба унвонии роҳбарияти кишвар – президент, вакилони порлумон ва ҳукумат – мерасонем. Мо аз масъалаи ҳифзи ҳар кадом хонавода нигаронем”, – гуфт Канагат Шуменов, яке аз ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ.

Дар қатънома модарони серфарзанд чанд талаберо гузоштаанд, ки иҷрои онҳоро соли аввал нест, ки талаб доранд. Ин талабҳо аз таъмини манзил, кӯмакпулии иловагӣ барои ҳар кадом кӯдак аз оилаҳои серфарзанд иборат аст.

“Мо 15 шабро дар идораи ҳукумат рӯз кардем. Чаро талабҳои мо то кунун баррасӣ нашудаанд? Кӣ ба суолҳои мо посух медиҳад?”, – гуфт яке аз дигар иштирокчиён.

Тарҳи қатъномаи занон ин бор ҳам аз сӯи мақомоти шаҳри Нурсултон қабул нашуд. Дар ҳукумати Нурсултон машварат доданд, ки онро ба дастгоҳи президент ирсол кунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.