Дар шаҳри Тошканд майдони яхмолакбозӣ сохтанд

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 7-уми январ майдони яхмолакбозие кушода мешавад. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии он кишвар иттилоъ дод.

Ин майдон бо кӯмаки Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкати “Art Uz Promotion Agency” сохта шудааст. Ҳадаф аз сохтани майдони яхмолакбозӣ ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва варзиш миёни мардум унвон шудааст.

Дар рӯзи кушоиши майдон ҳунарнамоии овозхонони Русияву Узбекистон ва дигар барномаҳои тафреҳӣ дар назар аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.