Дар шимоли Тоҷикистон нархи маводи сӯхт андак поин шуд

Нархи маводи сӯхт дар вилояти Суғд то андозае поин омадааст. Ба навиштаи хабаргузории «Спутник», ҳафтаи ҷорӣ нархи газу бензин дар фурӯшгоҳҳо аз 30 то 50 дирам арзонтар шуда, ҳоло гази моеъ бар ивази 8 сомонӣ ва бензини навъи 92 бар ивази 10 сомонӣ пешниҳод мешавад. Болоравии нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон аз аввали сол ба мушоҳида мерасад, вале дар чанд ҳафтаи охир ба таври рекордӣ гарон ва камчин шуд. Намояндагони Хадамоти зиддинҳисорӣ сабаби онро ба баланд рафтани нарх дар бозори ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои содиркунанда рабт доданд. Аммо коршиносон аз ҳузури ширкатҳои монополист суҳбат мекунанд, ки ба вазъи нарху наво дар бозори сӯзишворӣ таъсир мерасонанд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.