Дар шиносномаҳои нав дар Қирғизистон гӯшаи “миллат”-ро ҷой медиҳанд

Хадамоти бақайдгирии давлатии Қирғизистон бо дастури ҳукумат масъалаи ҷой додани бахши маълумот дар бораи миллатро ба намунаи нави шиносномаҳои миллии шаҳрвандони ин кишвар баррасӣ дорад.

Ин тағйирот дар асоси “ID-кортҳо”-и намунаи соли 2017 сурат гирифта, харҷи зиёдатиро ба буҷаи давлати Қирғизистон дар пай нахоҳад дошт. Хадамот мегӯяд, барои тағйироти мазкур дар шиносномаҳо ба дастгоҳҳои иловагӣ ниёз надорад, чун аз нигоҳи техникӣ омодааст.

Бояд гуфт, ки графаи “миллат” дар шиносномаи нави миллии Қирғизистон бо хоҳиши худи шаҳрвандон ҷой дода мешавад.

Дар Қирғизистон аз 1 майи соли 2017 ба шаҳрвандон “ID-кортҳо” дода мешавад, ки дар он ному насб, шаҳрвандӣ, рӯзи таваллуд, муҳлати эътибор ва имзои соҳиби шиноснома қайд шуда, маълумот дар бораи миллат, оила, макони истиқомат ва вазъи оилавӣ дар чипи электронӣ нигаҳдорӣ мешуд.

Пок шудани “миллат” дар шиносномаи нав миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳоеро ҳам ба миён оварда буд. Бархе онро фитнаангезӣ ва бархи дигар омили ваҳдату ҳамдилӣ дар кишвар медонистанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.