Дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар пайи садамаи пурқурбонӣ 3 нафар аъзои як хонавода ҳалок шуданд

Бар пайи сӯхтори “Яккасарой” то кунун парванда боз нашудааст

Зуҳри  имрӯз, дар тарабхонаи “Яккасарой”-и Душанбе воқеъ дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 22/2, дар канори дарёи Душанбе сӯхтор рух дод. Ҳамин тариқ, қисмати чапи тарабхона пурра ба коми оташ рафт.

Ҳаҷми зарари расида ва сабабҳои сӯхтори тарабхонаи маъруфи “Яккасарой”-и Душанбе то кунун маълум нашудааст. Хадамоти оташнишонии ВКД мегӯяд, то кунун дар ин замина парвандае ҳам боз нашудааст.

Ин тарабхона, ки дар канори дарёи Душанбе, дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ 22/2, дар наздикии бинои “Шарқи Озод” воқеъ аст, аз тарабхонаҳои маъруфи Душанбе буда, маросимҳои зиёди тӯйу арӯсиҳои дар он баргузор мешуд.

Порлумони Тоҷикистон ба фиристодани нерӯ ба Қазоқистон ризоят дод

Маҷлиси Намояндагон барои истифода аз нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар мувофиқат кардааст. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” хабар дод.

Тибқи иттилои расмӣ, дар нишасти якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, ки 7-уми январ баргузор шуд, танҳо як масъала баррасӣ шудааст ва вакилон барои истифодаи нерӯҳои мусаллаҳ берун аз қаламрави кишвар “барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ризоят доданд.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, барои фиристодани нерӯҳои мусаллаҳ ба қаламрави берун аз кишвар, мувофиқати порлумон зарурӣ аст.

Таътили зимистонии мактабхонҳо тамдид намешавад. Дарсҳо 11-уми январ оғоз мешавад

Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки таътили зимистонии мактабхонҳо тамдид намешавад ва дарсҳо рӯзи 11-уми январ оғоз мешаванд. Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое бархоста, ки гӯё бар асарии зукоми мавсимӣ таътил тамдид мешавад.

Бархе аз волидон ба идораи «Азия-Плюс» тамос гирифта, дархост карданд, ки оё Вазорати маориф таътилро тамдид мекунад, чун ҳоло дар кишвар бемории зукоми мавсисмӣ хуруҷ кардааст ва барои пешгирии он ниёз ба таътил аст.

Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки тағйироте дар масъалаи тартиби оғози дарсҳо нест. Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ мегӯяд, зукоме, ки ҳоло дар Тоҷикистон гардиш мекунад, мавсимӣ буда, ҷойи нигаронӣ надорад.

Аз 17 то 19 сол. Эълони ҳукми гунаҳкорон дар қатли Алиризо Худоёров

Додгоҳи олии Тоҷикистон ду нафарро бо гуноҳи қатли Алиризо Худоёров, сокини 21-солаи ноҳияи Рашт, ба зиндон маҳкум кард. Ҷунайдулло Худоёров, амаки Алиризо, рӯзи 7-уми январ гуфт, “Абдулло Азимов 17 сол ва Зафарҷони Насриддин 19 солро дар маҳбаси низомаш сангин сипарӣ хоҳанд кард.”

Додгоҳ ҳукмро расман шарҳ надодааст. Мавқеи пайвандони маҳкумшудаҳо низ маълум нест, аммо дар гузашта кӯшиши ба ҷавобгарӣ кашидани онҳоро беасос дониста буданд.

Зубайдулло Худоёров, падари Алиризо, рӯзи ҷумъа гуфтааст, ҳарчанд “ҳукм сабук аст”, онро мепазиранд. Ӯ ҳамзамон афзуд, “норозигии мо аз он аст, ки дар қатли Алиризо чанд каси дигар даст доранд, аммо ҳанӯз ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд.”

Ҷасади Алиризо Худоёров, донишҷӯйи Донишгоҳи Раштро субҳи 13-уми июли соли 2021 дафн карданд. Вай бародарзодаи Фарҳод Худоёров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар ноҳияи Рашт ва Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

Садамаи пурқурбонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд. 3 нафар аз ҳалокшудаҳо узви як хонаводаанд

Бар асари як садамаи нақлиётӣ шоми 6-уми январ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд, ки аз ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд мебошанд. Гуфта мешавад се тан аз ҷонбохтагон аъзои як хонавода мебошанд.

Дар ин бора аз Раёсати корҳои дохила дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дода гуфтанд, ки садама соати 16:00 бегоҳии 7-уми январ дар километри 254-уми шоҳроҳи  Душанбе-Хуҷанд ба вуқӯъ пайвастааст.

Манбаъ мегӯяд, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес Атего”, Фаррух Ҳақбердиеви 27-сола, сокини ҷамоати Қуштепаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба Хуҷанд аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада муқобили самти ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел Зефира” бармехӯрад.

Қурбониёни садама сокинони ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич мебошанд, ки эҳтимол меравад ронанда ва боз ду мусофири он Соҳибназаровҳо аз як хонавода мебошанд.

Иззат Амон бозбинии парвандаашро талаб кардааст

Иззат Амон, ҳомии зиндонии ҳуқуқи муҳоҷирон ба Раёсати назорати маҳбасҳои Додситонии кулл барои бозбинии парвандааш ариза пешниҳод кардааст. Дар ин бора писараш Маҳмадюсуф Холов ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, дар ариза Иззат Амон масъалаи дубора баррасӣ намудани маблағи 232 сомонӣ аз шаҳрванди Тоҷикистон Ҷурабек Ҷобиров, сокини ноҳияи Ҷайҳунро кардааст. Ба қавли Муҳаммадюсуф Холов, вай бо падараш сӯҳбат намуд ва Иззат Амон гуфтааст, ҳалли ин масъала ба ҳукми додгоҳ таъсир хоҳад кард.

Иззат Амонро, ки аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи тоҷик дар Русия ба ҳисоб мерафт, рӯзи 19-уми октябри соли гузашта бо гуноҳи қаллобӣ ба 9 сол зиндон маҳкум намуданд. Ӯро моҳи декабр ба маҳаллаи маъруф бо номи “Якум Советский” интиқол доданд.

Сообщение Дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар пайи садамаи пурқурбонӣ 3 нафар аъзои як хонавода ҳалок шуданд появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.