Дар силсилатаркишҳои Афғонистон се нафар кушта шуд

Дар паи як силсила таркишҳо дар Афғонистон се нафар кушта шуд. Полис гуфт, ки дар паи таркиши мошине дар Кобул рӯзи 2 феврал ду нафар, аз ҷумла Муҳаммад Ориф, раиси созмони мадании “Ҷамъияти ислоҳ” кушта шуд. Дар дигар нуқоти Кобул ҳам ду мошини дигар таркид ва чанд нафарро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Полис гуфт, ки барои анҷоми таркиш ба истилоҳ “бомбаҳои часпдор” ба кор рафтааст. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки ин гурӯҳ ба ҳамлаҳои 2 феврал ҳеҷ рабте надорад. Дар паи таркиши ҷудогонаи мошине дар вилояти шарқии Ҷалолобод як сарбоз кушта шуд ва дар як таркиши дигар дар вилояти Парвон як мақоми баландпоя мавриди ҳадаф қарор гирифт.

Бо вуҷуди ин ки Толибон ҳамлаҳои навбатӣ дар Кобулро рад мекунанд, дар гузориши як созмони нозири ҳуқуқи башари амрикоӣ се рӯз пеш гуфта шуд, ки ҳамлаҳои Толибон ба мақомоти ҳукуматӣ, фаъолон ва журналистон афзоиш ёфтааст. Гузоришҳо дар ҳолест, ки маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ба созиши сулҳ бо Толибон нигоҳи наве хоҳад кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.