Дар СММ барои таҳқиқи ҳаводиси Белорус раъйгирӣ шуд

Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ пешниҳоди таъсиси гуруҳ барои таҳқиқи ҳодисаҳои баъди интихоботи президентии Белорусро дар моҳи августи соли 2020 тасдиқ кард.

Шӯро қатъномаеро дар ин замина бо ҷонибдории 20 овоз қабул намуд. Намояндагони ҳафт кишвар бо шумули Русия зид баромада, 20 кишвари дигар аз додани раъй худдорӣ карданд.

Дар қатънома омадааст, саркӯби бераҳмонаи норозиён аз натиҷаҳои интихоботи президентии Белорус, ки дар он раисҷумҳур Александр Лукашенко дубора баранда эълом шуд, бояд таҳқиқ карда шавад.

“Мо бояд дастгирӣ аз мардуми Белорусро нишон дода, ба хотири поён бахшидан ба беқонунӣ онҳоеро ба ҷавобгарӣ кашем, ки ҳуқуқи инсонро сахт поймол кардаанд.”, – гуфт намояндаи Португалия Руи Масейра.

Дар интихоботи моҳи август президенти амалкунандаи Белорус баранда эълом шуд. Мухолифон натиҷаҳои интихоботро тақаллубӣ унвон ва ба кӯча баромаданд. Дар тамоми эътирозҳо дар Белорус на камтар аз 5 кас кушта шуда, нисбати бештар аз 650 каси дигар дар робита ба ташкили эътирозҳо, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.