Дар сӯги устод Уктами Холиқназар, адиб, олим ва мутарҷими барҷаста

ПАДРУД ШАҲРИ МО…
(дар сӯги устод Уктами ХОЛИҚНАЗАР, адиб, олим ва мутраҷими барҷастаи тоҷикон)

ЛОЧӢ – ЯК ГУЛИ САДХАРИДОР:

Поёни солҳи 1980, авҷи ҳангомаи «престройко»-и горбачовӣ дар толори бузури маркази омор, рӯбарӯи главпочтамт, аснои тафреҳи як баҳси доғи адибону олимони Тоҷикистон пиромуни мақому манзилати забони модарии мо дар кишвар, бори нахуст ҳамроҳи дӯстони ҳамкорам Хайруддини Қосиму Суҳроби Зиё бо устод мулоқот карда, таҳсиншон кардем, ки шумову устод Фетеҳи Абдуллоҳ суханронии муассир доштед – олимона, меҳандӯстона ва хеле нофеъи умум. Устод Уктам бо лабханди нарм аз мо маҳалли кору шуғламонро пурсиданд ва равшан шуд, ки чандон ноошоное набудаем; матбуоту садову симои кишвар акнун ба ҳам ошномон карда будааст.

Аммо аз замони мактабхонӣ, синфи нуҳ ё даҳ будам, ки ин ном бароям маъруфу маҳбуб буд – Уктами Холиқназар, тарҷумони повести «Як гулу сад харидор». Ҳоло шояд сухану суханвар беқадр шуда бошанд, вале вақте он замони мактабхонӣ, як баччаи ноорому беғам, ногаҳ ин китобаки муқаввояш аҳмарӣ ба дастам расид, дар вақти ғуруби офтоби тобистон, бо як чашмандоз, дар ҳалқаи ёрони шарикдарсам, онро баланд-баланд қироъат кардаму дигарон ҳушу гӯш бо ҳирсу ҳавас гӯши ҷон супурданд, то бидонанд, поёни кори Лочии лӯлидухтар ба куҷо меанҷомида бошад.

Лочӣ, қаҳрамони ин достон, дар бисот мирие надорад, буду набудаш ҳар чӣ ҳаст, мебинедаш – пироҳани нимдошт дар тан, бо силсилаи зулфони мушкии парешон, чашмони оҳуӣ, аммо рахашанда чу теғ, сарбаланд, сипоҳу пархошҷӯ, – ҳар кӣ ҳам орзу мекунад бо ин шаҳомату шуҷоъату виқори баланд Лочӣ бошад! – шоду масту бебоку бепарво дар хиёбон қадам мезанад ва аз ашрофу афтода касе ёрои сар ба сар гузоштанашро надорад, Лочиро албатта сеҳри сухани адиб Лочӣ карда буд – аммо баргардонанда бо ғавре дар умқи ҷаҳони идеяи ин асар онро он гуна тоҷикӣ сохта буд, ки ӯ худ дар мавҷи ҳодисот, аз замири қалбҳо бо маҳаббат, нобу ноёбу пок дурри сухан мефишонад, ва бори нахуст эҳсос кардам ки ҳич неруе чун сухан тавонманду мардафкан нест, агар он нодиру фасеҳу малеҳ ва дархуру дақиқ буда бошад.

РАСТОХЕЗ
Созмони мардумии маръруф, дар раъси Тоҳири Абдуҷаббор, Мирбобои Мирраҳим, Халифабобои Ҳомид, Аҳмадшоҳи Комил, Муаҳммадалии Ҳайит, Ҷумъахон Исоев, Мастонзод… Ҳадафи Растохез, ки хурушу валвалае бар ҷони абарқудратҳо андохта буду то ҳоло аз он бим доранд, бедории қавми тоҷик дар Варорӯд буд, аз зиллати хокпошӣ раҳонидани мадуми маҳаллӣ, бозгашт ба ҳувийяти миллӣ, рӯ овардан ба зиндагии маданӣ, ҳамчун соҳибмулк бедор кардани эҳсоси ватандорию ватанхоҳии тоҷикон, болотар аз инҳо, билохира, дар Кониститутсия ё худ Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани тоҷикӣ ҳамчун забони расмии ин кишвар буд.

Тоҷикон, зери истибдоди кремлиннишинони бадтар аз Чингиз, аз маҳрумтарин мардумони султаи болшвизим буданд – 95 дарсади сарзаминҳояшон аз шарорати палиди онҳо аз даст рафт, дар солҳои 1930 қирши омӯзишдидаи онон барои он ки мадраса хонда буданду савод доштанд, бо ҷурми «душмани синфӣ» қатлиомм шуданд, китобҳомонро ҳам аз ҳазорсолаҳо мерос, оташ заданд, тоҷик дар хонаи худ тақрибан аз забони гуфтор маҳрум буд, Қонуни Асосии Ҷумҳурии Шуравии Тоҷикистон кафолати инро намедод; дар Қонун ишора намешуд, ки тоҷикистонӣ оё забон дорад, бо чӣ забоне дар нишасту анҷуману маҳофилаш гап занад?..

Инҳо аз дардҳои истеъморанд, ки гуфта шудаанд ва боз гуфта хоҳанд шуд, то миллат фирефтаи чунин шайтанатҳои аҳриманони ғосиб нагардад. Ва дар туфони ин наҳзати бедорӣ устод Уктами Холиқназар, аз пешгомон буд, аз зумраи онҳое буд, ки фазои озоди престройкаи горбачовиро истиқбол кард ва ҳамчун симои инқилобии миллат барои бедориву ҳақталошӣ бо қаламу сухан ба майдон баромад. Воқиъан, агар қалам аз дасти мо намеуфтод, агар уламои моро қатлиомм намекарданд, агар шаҳрҳои мо ғасб намешуданд, агар хатту забони моро зеру забар намекарданд, мо – тоҷикон, ин гуна маҳруму маҳҷур намемондем. Ва ин буд маҳаки гуфтору навиштори устод Уктам дар он замон дар матуботу садову симои кишвар.

КОНИБОДОМ
Устод Холиқназар дар ин шаҳр ба дунё омада буд, аз хонадони мардумони босаводу бедору хирадманд; ҳам аз падар ва ҳам аз модари хеш бо эҳтироми тамом ёдоварӣ мекард, ки «саводи куҳна» (хатти форсию ошнои ба осори класикӣ)-ро туфайли волидайн ёд гирифта буд. Ҳар инсон хона ва зодгоҳро дӯст медорад, ва маҳаббати устод Холиқназар ба зодгоҳ бештар аз он буд, ки туфайли ҷамъе аз мардумони бедору баномус дар солҳои 1920 омилона дар баробари хоҷагони бадкеши бегонаи Маскав ҳақталошӣ карда, на танҳо тоҷикияти худро ҳифз намуданд, балки санги муҳками бинои Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.

Конибодом ва Исфара, баъди он ки худро навоҳии мухтори Тоҷикистони Шуравӣ эълом доштанд, ин наҳзат ба Хуҷанд гузашт ва пас ба хиттаи Тоҷикистони «вилояти мухтор» пайвастанд ва мо дар соли 1929 Ҷумҳурии Тоҷикистони мустақил (бидуни мухтор ба ҳич ҳамсояе) эълом шудем. Аммо устод Уктам саргузашти бародаронеро аз як хонадон, чаҳор ё панҷ нафар, нақл мекард, ки ҳама таҳсилкарда дар Хӯканду Бухорову Самарқанд, мударрису олиму мудаббир буданд. Инҳо, замоне ки уруси Николай ба сарзаминҳои мо дар асри 19 ҳамла оварда буду якуяк шаҳрҳои моро ғасб мекард, аз ҷумли пешмаргони муқовамат алайҳи мутаҷовиз гаштанд ва то охирин гулулаву тир дар қалаъе дар Конибодом бо мутаҷовизин ҷангиданду саранҷом Муқаннаъвор худро аз бурҷҳои қалъа ба зер афканданд, то асиру мояи тавҳину таҳқири душман нагарданд…
Ин ҷост, ки Конибодом аз қаҳрамоншаҳрҳои мост, бояд ин унвони муқаддасро расман ба ин шаҳр эъто кард…

ИШҚИ УСТОД ХОЛИҚНАЗАР
Чаҳор чиз аз маслакҳои аслии устод Уктами Холиқназар буд: иҳтиром ба илму олим, ростӣ, ҳамнишинии доим бо китоб ва ишқу алоқаи самимию қалбӣ ба пайвандону ёрони наздик. Устод хатмкардаи риштаи арабии Донишгоҳи давлатии пойтахт буд, ба забонҳои арабӣ, русӣ ва узбакӣ тасаллути комил дошт; аз ҷумлаи кутуби мудом рӯидастии эшон Қуръони маҷид буд. Классикони форсӣ – ҳамашон барояш муҳтарам буданд, ҳар кӣ қалами рост бар коғази пок мекашид, ӯ дӯстдораш буд ва дигаронро ҳам талқин мекард ки бояд ин соҳибқалами афзалро дӯст доранд. Аз ин ҷост, ки ихлосу рафоқати мутақобил миёни ӯву шахсиятҳои барҷастаи донишу адаби кишвар, ҳамчун Муҳаммади Осимӣ, Ҷалол Икромӣ, Лоиқи Шералӣ, Муҳаммадҷони Шакурӣ, Гулрухсору Саййидҷаъфари Қодирӣ, Валии Самаду дигару дигарон мураттабу муназзам буд.

Дар чаҳор самт устод Холиқназар қалам мекашид: тарҷумаи шоҳкорҳои ҷаҳонӣ (аз арабӣ ё русӣ), таҳияи осори бузургон ё вироише аз ин осор, таълифоти барҷастаи илмӣ дар боби забону поккории забон ва таълифи ҳикояву повест. Дар ин замина метавон ин осори ёдгор аз ӯро чун муште аз харвор ба ёд овард: «Як гулу сад харидор»– Кришан Чандар, «Номаи яка зани ношинос», Истефан Свейг, «Мартини Иден»-и Ҷек Лондон (осори тарҷумавӣ), маҷмуъаи ҳикоёт ва повести «Рӯзноманигори озод», асари илмии «Ғалат менависем» ва силсили мақолоте дар боби забону фарҳанги миллӣ дар матбуоти кишвар.

ПАДРУД ШАҲРИ МАН…
То охирин лаҳза устод Холиқназарро сариҳол медидем – бо руҳия, матин, ошиқ ба зиндагиву душман ба ҳар гуна яъсу шиква. Боре устодро мегуселондам ҷониби зодгоҳашон; сухан аз Низомии Арузӣ омад, фармуд ки ӯ ҳам сафарҳо мекардааст ҳар гоҳеву ба ҳарҷое; сафар хуб аст, як мадрасаву як таҷрибаи нотакрор барои мардумони ҳушёр. Дар ҳошияи пойтахт саранҷом худоҳофизӣ кардем ва ин ҷумларо беихтиёр ба забон оварданд – ПАДРУД ШАҲРИ МАН…
Шомгоҳи дирӯз, вақте хабари марги ногаҳонии устодро шунидам, ҳамин ҷумла ба ёдам омад – Падруд шаҳри ман. Гуфтам ПАДРУД ШАҲРИ МО – боз як ошиқат рафт ба коми хок, боз офтоби умри олиме, адибе, инсоне аз қалби ту ғуруб кард; аммо дар бустони маърифати ту чилчароғи осори ӯ нурафшонанд…
Падруд Устод – шаҳре аз ишқу отифаю имону ихлос, махзане аз хираду дониш ва сириште аз ҳубби Ватан…

Обид Шакурзода

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.