Дар талотуми издиҳоме дар Афғонистон 15 нафар кушта шуд

Мақомоти Афғонистон рӯзи 21-уми октябр гуфтанд, талотуми ҳазорҳо нафаре, ки дар варзишгоҳи Ҷалолобод барои гирифтани визаи Покистон навбат истода буданд, боиси   марги 15 нафару ҷароҳати 10 тани дигар шуд. Ҳодиса 20-уми октябр рух дод. Сӯҳроб Қодирӣ, як узви шӯрои вилоятӣ дар Ҷалолобод гуфт, ки талотум бисёриҳоро зерипо кард ва миёни ҳалокшудаҳо 11 нафарашон занон мебошанд. Зоҳир Одил, сухангӯи раёсати беҳдошти Нангарҳор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасадҳо ба беморхона интиқол дода шуданд.

 Ду мақоми дигари вилоятӣ гуфтанд, ҳодиса замоне рух дод, ки дар як вақт  барои гирифтани виза беш аз 3 ҳазор нафар ҷамъ омада буд. Бо сабаби пандемия соли ҷорӣ Покистон додани виза ба шаҳрвандони Афғонистонро маҳдуд кард. Мақомот дар сафорати Покистон барои шарҳи ин мавзӯъ дастрас набуданд. Аксар шаҳрвандони Афғонистон ба хотири муолиҷаву табобат ба Покистон сафар мекунанд.  Онҳое, ки барои гирифтани виза ба консулгариҳои Покистон дар Кобул, Ҷалолобод ё Мазори Шариф муроҷиат мекунанд, аз қонуншиканиҳову беназмиҳо дар ташкили кор шикоят мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.