Дар таркиши анбори аслиҳа дар Қазоқистон 60 кас захмӣ шуд

Дар натиҷаи таркиш ва оташсӯзии шоми 26-уми август дар анбори низомии қисми низомӣ дар вилояти Ҷамбили Қазоқистон на камтар аз 60 кас ҷароҳат бардоштааст.

Дар ин ҳодиса касе нафавтидааст, хабар медиҳад маркази матбуотии ҳукумати Ҷамбил.

Ҳамаи маҷруҳон ба беморхонаи шаҳри Тароз бурда шудаанд.

Вазорати мудофиаи Қазоқистон гуфт, дар анбор аслиҳа нигаҳдорӣ мешавад. Ба ин далел, тасмим шудааст, ки сокинони атрофи қисми низомӣ кӯч дода шаванд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аз ҳукумати Ҷамбил хабар доданд, ки ҳамаи роҳҳои вурудӣ ба наздии қисми низомӣ, аз ҷумла роҳи оҳан муваққатан баста шудаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.