Дар таркиши Кветта се нафар кушта шуд

Дар ҳоле, ки ҷонибдорони мухолифон дар як қисми шаҳри покистонии Кветта раҳпаймоии азими худро идома медоданд, таркиши маводи худсохте дар қисмати дигари ин шаҳр ҷони се нафарро гирифт. Раҳбарони як эътилофи азими мухолифони Покистон, ки нахуствазир Имрон Хонро дар нотавонии ҳалли бӯҳрони иқтисодӣ гунаҳкор карда истеъфояшро талаб доранд,  моҳи октябр инчунин дар ду шаҳри азими дигари кишвар намоишҳои эътирозӣ ташкил карданд. Азҳар Акрам, як мақоми полиси Кветта гуфт, маводи мунфаҷира дар як бозори сабзавотфурӯшии Кветта дар як мотосикл гузошта шуда буд ва  поёни рӯзи бозор таркид. Дар ин ҳодиса инчунин ду нафар маҷрӯҳ шуд. Ҳеҷ  кас ё гурӯҳе масъулияти ин таркишро ба дӯш нагирифт. Маҳалли таркиш чанд километр дуртар аз раҳпаймоии мухолифон буд. Дар паи ин ҳодиса мақомот дар Кветта иртиботи телефонҳои мобилро қатъ карда, шумори полисро дар ҷои эътирозҳо афзун намуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.