Дар тирандозии Алмаато панҷ нафар ҷон бохтанд

Дар Алмаато пулис гуфт, ки ҳангоми аз як манзил  берун кардани оилае дар ноҳияи Алатоу, бар асари тирандозӣ панҷ нафар ҷон бохтанд.

Яке аз нафароне, ки бояд маҷбуран аз хонааш берун карда мешуд, марди 54-сола буда, эҳтимолан ӯ тир холӣ кардааст. Дар натиҷа, ду корманди пулис, як судиҷрочӣ ва ду шахси мулкӣ кушта шуданд.

Пулис гуфт, ки марди ҳамлагар боздошт шудааст ва вазъият таҳти назорат аст. Маълум нест, ки оё касе дар ин ҳодиса маҷруҳ шудааст ё на.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳое нашр шуд, ки дида мешавад дар назди як манзил ходимони пулис ва мошинҳои онҳо қарор доранд. Таҷрибаи маҷбуран аз хона берун кардани хонаводаҳо маъмулан нисбати қарздорони бонкҳо татбиқ мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.