Дар Тоҷикистон 43 каси дигар ба чанги COVID-19 “афтодаанд”

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзи 3-уми октябр 43 мавриди собитшудаи бемории COVID-19-ро сабт кардааст ва то он рӯз 65 нафари дигар бо аломатҳои шабеҳ ба беморӣ зери назорати табибон қарор доштаанд.

Вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, аз рӯзи 30-уми апрел то кунун дар кишвар коронавирус ба 9895 нафар сироят кардааст, вале бештар аз 8700 нафари онҳо шифо ёфтаанд.

Талафот аз беморӣ ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон 77 нафарро ташкил медиҳад. Мутахассисон бовар доранд, ки омори расмӣ баёнгари миқёси воқеии беморӣ ва талафот дар кишвар нест ва теъдоди гирифторону фавтидагон ба маротиб зиёдтар аз он аст, ки мақомот мегӯянд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.