Дар Тоҷикистон барои таҳияи қонуни афв як гурӯҳи корӣ таъсис доданд

Дар Тоҷикистон “Авфи тиллоӣ” эълон мешавад ва бо дастури президент як гурӯҳи корӣ барои омода кардани тарҳи қонун дар ин робита таъсис ёфтааст.

Дар ин бора оҷонсии “Азия-плюс” бо такя як манбаъ аз ҳукумати кишвар иттилоъ додааст. Гуфта мешавад, авфи навбатӣ, бахшида ба 30-юмин солгарди ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон беш аз 25 ҳазор гумонбарон, айбдоршавандаҳо ва зиндониёнро фаро хоҳад гирифт.

Манбаъи хабаргузорӣ афзудааст, барои қабули қонуни мазкур дар охири моҳи август ё аввали моҳи сентябр вакилони Маҷлиси Намояндагон аз таътили тобистона бозхонд мешаванд.

Бори охир қонуни авф дар кишвар соли 2019 дар иртибот ба 25-умин солгарди тасвиби Конститутсия Тоҷикистон қабул шуда. Бар асоси он беш аз 20 ҳазор зиндонӣ ва афроди гумонбар ба содир кардани ҷиноятҳои мухталиф мавриди афв қарор гирифтанд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.