Дар Тоҷикистон доллар арзон шуда, лекин нархҳо боло мераванд

Поинравии қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон идома дошта, рубл қимат мешавад. Дар давоми як шабонарӯз 100 доллар барои иваз 20 сомонӣ арзон шуд (100 доллар 22 июн, дирӯз – 1020 сомонӣ ва 23 июн, имрӯз – 1000 сомонӣ). Қурби расмии рубл дар як шабонарӯз 0,3 банди фоизӣ боло рафт. Тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои имрӯз, 23 июн 100 доллар 1058 сомонӣ нарх дорад.

Манбаъ: Asiaplustj.info

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.