Дар Тоҷикистон кодекси нави андоз қабул шуд. Кадом намуди андозҳо зиёд ва кадомаш кам карда шуд?

Вакилони парлумони кишвар дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаи нави кодекси андози Тоҷикистонро баррасӣ ва қабул намуданд. Кодекси мазкур наздики ду соли охир таҳия мешуд ва дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро низ ба бор оварда буд.

Лоиҳаи нави кодекси андоз бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст, хабар медиҳад маркази матбуотии Маҷлиси намояндагон.

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт ҷавобгӯ намудани низоми андозбандии кишвар ва содаву омафаҳм намудани муқаррароти он таҳия карда шудааст.

Дар кодекси нав чӣ тағйиротҳо ворид шуданд?

  • Теъдоди умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳидгардонии андоз аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молу мулк, инчунин андоз аз фоида бо андоз аз даромад, аз 10 намуд то 7 намуд кам карда шудааст.
  • Меъёри андоз аз даромад аз 13 ба 12 дарсад кам карда шуд.
  • ба шахсони ҳуқуқӣ меъёри андози иҷтимоӣ 20 фоиз ва барои суғурта шавандагони муассисаҳои буҷетӣ 25 фоиз пешбинӣ шудааст.
  • Меъёри андози аксизӣ дар Тоҷикистон то ду фоиз зиёд карда шуд.
  • Меъёри андоз аз арзиши иловашуда(НДС) аз 18 то 15 дарсад кам шудааст.
  • Низомҳо махсуси андозбандӣ аз 10 дарсад то ба 8 дар сад кам карда шудааст.
  • Меъёрии стандартии андоз аз арзиши иловашуда аз 1 январи соли 2022 ба андозаи 15 фоиз, аз 1 январи соли 2024 – 14 фоиз ва аз 1 январи соли 2027 – 13 фоиз пешбинӣ шудааст.

Кодекси нав аз лоиҳаи баррасӣ шуда чӣ фарқ дорад?

Қаблан дар лоиҳаи барои баррасӣ дар сомонаи Вазорати молия гузошташуда, тақсими меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда барои пардохтҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо ба назар мерасад, ки ба он аҳамият надодаанд.

Инчунин, ҳаҷми даромади умумии ширкатҳое, ки дар доираи низоми соддакардашудаи андозбандӣ фаъолият мекунанд, бетағйир боқӣ мондааст. Дар Кодекси андози амалкунанда супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, шахсе мебошад, ки даромади умумии он дар 12 моҳи охир аз 1 миллион сомонӣ зиёд аст. Қаблан пешбинӣ шуда буд, ки ин маблағ то 3 миллион сомонӣ расонида шавад.

Меъёри андоз аз даромад аз 13 фоиз ба 12 фоиз кам карда шуд. Дар лоиҳаи қаблан муҳокима шуда, инчунин меъёри андози даромад вобаста ба андозаи маош пешниҳод гардида буд – ҳар қадар маош зиёд бошад, ҳаҷми андоз ҳамон қадар зиёд мешавад. Аммо ба эҳтимоли зиёд, пешниҳоди мазкур низ дар Кодекси андози қабулшуда вуҷуд надорад.

Лоиҳаи нав аз чанд боб ва модда иборат мебошад?

Лоиҳаи Кодекси пешниҳодгардида аз 2 қисм, 15 фасл, 57 боб ва 399 модда иборат мебошад. Дар он  ҷиҳати мукаммал гардонии маъмурикунонии андоз принсипҳои андозбандӣ, субъектҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳида, нархгузории трансфертӣ, бобҳо ва моддаҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд.

Ҳамчунин ҷиҳати мукаммалгардонии маъмурикунонии андоз принсипҳои андозбандӣ, субъектҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳида, нархгузории трансфертӣ, бобҳо ва моддаҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд.

Тағйироти қаблӣ ба кодекси андоз соли 2013 ворид шуда буд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ  Тоҷикистон се бор кодекси андозро иваз кардааст.

Буҷаи Тоҷикистон асосан аз ҳисоби андоз пур карда мешавад, ки он наздики 70 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи сарчашмаҳои байналмиллалӣ Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои дорои баландтарин сарбории молиётӣ шомил аст.

Сообщение Дар Тоҷикистон кодекси нави андоз қабул шуд. Кадом намуди андозҳо зиёд ва кадомаш кам карда шуд? появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.