Дар Тоҷикистон маблағи ҷарима барои нақзи Қонуни танзим боло бурда шуд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз тарҳе ҷонибдорӣ карданд, ки афзоиши ҳаҷми ҷарима барои нақзи Қонуни танзимро пешбинӣ мекунад. Тибқи тағйироти нав, ҳамакнун ҷарима барои риоя накардани ин қонун дар ҳаҷми 10 нишондод зиёд шудааст. Дар ҳоли ҳозир, ҳаҷми як нишондод барои ҳисобҳо 60 сомониро ташкил медиҳад. Масалан, як нафар агар барои таҷлили зодруз берун аз хонавода то ин дам 6 ҳазор сомонӣ ҷарима мешуд, пас бар асоси тағйироти нав ӯро 6 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима мекунанд.

Сулаймон Давлатзода, раиси раиси Кумитаи дин, рӯзи 21 апрел дар порлумон ҳадаф аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро “пешгирӣ аз қонуншиканӣ” номид. Ӯ дар ин робита ба нақзи қонуни танзим аз сӯи бархе сокинон ишора кард. Раиси Кумитаи дин афзуд, бар асоси ин тарҳ, афроде, ки қонуни танзимро нақз мекунаду пас аз 6 моҳ чунин амалаш ошкор ва ё муайян мешавад, муҷозот нахоҳад шуд.

Оқои Давлатзода ҳамзамон гуфт, яке аз тағйироти дигари тарҳ ин аст, ки дар давраи хуруҷи КОВИД-19 афроде, ки тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявиро риоя намекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, чунин муқаррарот то ҳол дар қонунгузории кишвар зикр нашуда буд.

Қонуни танзими расму ойин дар Тоҷикистон соли 2007 тасвиб шуд. Ин қонун яке аз пурбаҳстарин қонунҳои солҳои охир дар Тоҷикистон аст, чун, ба қавли мунаққидон, озодиҳои инсонро маҳдуд карда, ба ҳаёти маишиву хусусии сокинон дахолат мекунад. Ин қонун, аз ҷумла, ташкилу баргузории зодрӯзҳоро танҳо дар доираи оила иҷоза додааст, дар ҳоле, ки бисёриҳо ин муқарраротро ноодилона меҳисобанд ва мегӯянд, муҷозоти мақомот айши онҳоро талх мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.