Дар Тоҷикистон нисбати Бахтовар Ҷумаев, ҳамкори Иззат Амон парванда боз карданд

Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи шаҳри Панҷакент алайҳи Бахтовар Ҷумъаев, корманди «Маркази Тоҷикон» дар Маскав, бо моддаи 307 қисми 2 “ Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет» парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Мақомоти интизомии Панҷакент ин масъаларо шарҳ намедиҳанд. 

Бахтовар Ҷумъаев, ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон рӯзи 25-уми июн аз Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи панҷшанбе Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Панҷакент падарашро даъват намуда аз боз шудани парванда алайҳи ӯ огоҳ кардаанд.                                                                                                      Умрибой Ҷумъаев, падари Бахтовар гуфт, рӯзи панҷшанбе ба шӯъбаи муборизаи ҷиноятҳои созмонёфта даъват шуд ва муфаттиш аз ӯ баёнот гирифт. “Ман гуфтам, ки писарам на тундгаро ҳасту на экстремист  ва ин айбномаҳо дар нисбати вай тӯҳмат астю. Муфаттиш номаш Хуршед гуфт, ки ин парвандаро ба ӯ супордаанд, бояд тафтиш кунад,  аз модараи Бахтовар ва аз ҳамсояҳо забонхат бигирад”-, иброз дошт Ҷумаев. 

Дар Шӯъбаи вазорати корҳои дохилаи шаҳри Панҷекент ба зангҳои Радиои Озодӣ ҷиҳати шарҳи ин парванда посух надоданд. Бахтовар Ҷумъаев, мегӯяд номи ӯ дар забонхати Иззат Амон зикр шудааст ва муфаттиш ба падарам гуфтааст, ки вай дар амалҳои зиддиқонунӣ ширкат кардаааст. “Ман комилан ба айбномаи мақомоти интизомии Панҷакент розӣ нестам. Дар Маскав мо бар асоси қонунҳо аз ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят мекунем”-, мегӯяд Бахтовар Ҷумъаев. 

Ду рӯз қабл Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД Тоҷикистон, падари Бахтовар Ҷумъаевро аз Панҷакент ба Душанбе оварданд ва Бахтоварро дар тақсими футболкаҳо бо акси Иззат Амон дар назди масҷиди ҷомеаи Маскав дар хиёбони “Мир” айбдор карданд, ки гӯё дар натиҷаи ин 200 муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ карда шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.