Дар Тошканд корбарони “Тик-Ток” барои наворгирии тӯй дар метро ҷарима шуданд

Гуруҳе аз корбарони барномаи “Тик-Ток”, ки тӯйи арусиеро дар метрои шаҳри Тошканди Узбекистон ба навор мегирифтанд, муҷозот шуданд.

Ба огаҳии Вазорати умури дохилии Узбекистон, гирифтани аксу видео дар метро манъ нест, вале он набояд боиси нақзи тартиботи ҷамъиятӣ шавад.

“Халалдор кардани оромии сокинон дар ҷойи ҷамъиятӣ ва равуо бе ниқоби тиббӣ дар давраи карантин манъ аст”, – омадааст дар иттилоияи пулис.

Зидди корбарони “Тик-Ток” бо бандҳои “Майдаавбошӣ”, “Нақзи қоидаи мубориза бо эпидемия” ва “Нақзи қоидаи истифодаи метро” парванда боз гашта, ҳар кадоме дар ҳаҷми 4 нишондиҳанда ҷарима шудаанд. Як нишондиҳанда 245 000 сӯм (23 доллар) аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.