Дар Туркманистон маҳдудиятҳо тамдид ва ваксиназанӣ шуруъ мешавад

Дар Туркманистон маҳдудияти гашту гузори сокинон сахттар ва ваксиназании сартосарӣ шуруъ мешавад.

Дар Туркманистон расман ҳеҷ ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Ин кишвар барои ваксиназании сокинон ваксинаи русии “Sputnik V”-ро харидорӣ карда, интизор меравад, 15 феврал ин раванд шуруъ шавад.

Рӯзи 18 январ Туркманистон дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, ваксинаи русии “Sputnik V” сабт кард. Баъди 10 рӯз дувумин ваксинаи русии зидди коронавирус “ЭпиВакКорона”-ро низ нахустин шуда дар дунё, сабт кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.