Дар Туркманистон онҳоеро ҷустуҷӯ доранд, ки либоси низомӣ мефурӯшанд

Кормандони пулиси Туркманистон зидди онҳое рейд баргузор мекунанд, ки либосҳои низомӣ ба бар менамоянд. Ҳадаф аз ин рейдҳо низ пайдо кардани шахсоне аст, ки бо фурӯши либоси низомӣ дар он кишвар машғул ҳастанд.

Пулиси Дарганта дар бозорҳои ин ноҳия ва шаҳраки Газоҷак зидди шахсоне рейд мегузаронад, ки либоси низомӣ мефурӯшанд ё мепӯшанд. “Аз онҳо либосҳои низомиро мусодира ва худашонро ҷарима мекунанд”, – гуфт яке аз шоҳидони рейди пулис туркман.

Ба гуфтаи ӯ, рейдҳо зидди низомипӯшҳо ва фурӯшандаҳои ин навъи либос баъди 29 январи соли равон оғоз шуданд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, либосҳои низомӣ як моли серхаридор аст, ки нархи дастрас доранд.

“Дар миёни фурӯшандаҳои либоси низомӣ сарбозон ва шахсоне низ ҳастанд, ки либосҳоро дуздидаанд. “Либосҳоро мефурӯшанд, то “нонпулӣ” ва “тамокупулӣ” кунанд”, – гуфт як сокини маҳаллӣ.

Ба гуфтаи сокинони Туркманистон, мақомоти туркман бо рейдҳо бар зидди низомипӯшҳо мехоҳанд, хидматчиёни ҳарбиеро тарсонанд, ки бо дуздӣ ва фурӯши либоси низомӣ машғул ҳастанд.

Дар Туркманистон солҳои ахир шумори низомиҳои зиндонишуда барои дуздии хурд афзоиш ёфтааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.