Дар Туркманистон онҳоеро, ки ниқоб намепӯшанд, ҷарима мекунанд

Кормандони пулис дар Туркманистон вазифадор шудаанд, ки рӯзона ҳадди ақал як нафарро барои напӯшидани ниқоби тиббӣ ҷарима кунанд.

Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ин бора дар як ҷаласаи Вазорати умури дохилии Туркманистон дастур дода шудааст.

“Ба ҳамаи ҳайати шахсии пулис дастур шудааст, ки рӯзона дасти кам як нафарро барои надоштани ниқоб ҷарима банданд. Муовини вазири умури дохилии Туркманистон гуфт, дар ин замина ба ҳеч кас, ҳатто занону пиронсолон низ “раҳм” карда нашавад. Ҳатто агар онҳо гӯянд, ки барои нон ҳам пул надорем, бояд маҷбур карда шаванд, то бо ҳар роҳе набошад ҷаримаро супоранд”, – гуфт як мақоми баландпояи Вазорати умури дохилии Туркманистон.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, кормандоне, ки дастурро иҷро намекунанд, маҷбур ҳастанд рӯзона ба номи шинос ё хешашон санад тартиб дода, пули як ҷаримаро аз ҳисоби худ пардозанд.

Чанд манбаъ дар шаҳру вилоятҳои Туркманистон гуфтанд, кормандони пулис баъди ҷаласаи мазкур тадбирҳо барои боздошт ва муҷозоти онҳоеро сахттар кардаанд, ки ниқоби тиббӣ надоранд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Туркманистон иддао доранд, дар ин кишвар то ҳол ягон нафар ба коронавирус мубтало нашудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.